Дарси 1 – Намудҳои муҳоҷират
Машғулияти 1 – Намудҳои муҳоҷират
МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ– МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Пас аз чанд мулоҳизаҳои муқаддимавӣ, вақти он расидааст, ки ба омӯзиши бахши аввали ин курси омузишӣ гузарем.
Курси мазкур масъалаҳои асосии марбут ба муайянкунандаҳо, оқибатҳо ва идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзиро муаррифӣ ва муҳокима мекунад. Фаҳмидани он ки муҳоҷират чист - киҳо муҳоҷират мекунад, аз куҷо меоянд ва дар куҷо зиндагӣ мекунанд - ва сабаби муҳоҷират чист - метавонад ба фаҳмиши шумо дар бораи масъалаҳои муҳим, аз қабили амнияти миллӣ, иқтисод, тағирёбии иқлим, саломатии ҷаҳонӣ ва ғайра таъсир расонад.
Дар ин бахши муқаддимавӣ мо дар бораи “муҳоҷир” кист ва “муҳоҷирати меҳнатӣ” чӣ маъно дорад, маълумот хоҳем овард.
Муҳоҷират барои одамон, кишварҳо, иқтисодҳо ва ҷаҳон маъноӣ гуногун дорад
Муҳоҷирони байналмилалӣ-шахсоне, ки ихтиёран ё ғайриихтиёрӣ аз як кишвар ба кишвари дигар рафтаанд
Одамоне, ки аз як кишвар ба кишвари дигар мекӯчанд, муҳоҷирони байналмилалӣ мебошанд.
Муҳоҷири байналмилалӣ - шахсест, ки ихтиёран ё ғайриихтиёрӣ аз як кишвар ба кишвари дигар меравад. Муҳоҷири байналмилалӣ истилоҳи умумиест, ки муҳоҷирони иқтисодӣ, гурезагон ва паноҳҷӯёнеро, ки бо сабабҳои гуногун ҳаракат мекунанд, фаро мегирад
Ин тафовутҳо муҳим аст, зеро муҳоҷирон баҳс аз руи он ба ҳуқуқҳо ва ҳимояҳои муаян аз ҷониби кишварҳои қабулкунанда ва созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ чист?
Ман дар ҷустуҷӯи имконоти беҳтар ба хориҷа рафтам. Дарёфти кор дар Тоҷикистон мушкил буд, ва ман барои дарёфти шароити беҳтар, кушиш мекардам. Ман мехостам ҷои корро иваз кунам ва кори беҳтаре ёбам. Ман барои беҳбудии шароити оилаам зиёд меҳнат мекардам, то ба волидонам, ки қарздор буданд, кумак расонам. Ман мехоҳам ба падару модарам пиронсолӣ ва бидуни мушкилии молӣ ба нафақа баромаданро, муҳаё кунам.
Муҳоҷирати меҳнатӣ чист?
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷустуҷӯи имконияти дарёфти кор дар хориҷи кишвар ҳастанд.
Муҳоҷирони иқтисодӣ ё муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарияти муҳоҷирони ҷаҳонро ташкил медиҳанд, ба таври васеъ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: онҳое, ки дар кишваре, ки муҳоҷират мекунанд, барои кор иҷозат доранд ва онҳое, ки иҷозат надоранд.
Дар аксари мавридҳо, аз муҳоҷирон барои зиндагӣ ва кор дар кишвари нав иҷозатнома талаб мекунанд. Бисёре аз муҳоҷирони иқтисодӣ ин иҷозатномаро тавассути дархост барои раводид ё бо тартиби дигаре, ки кишвари қабул муқаррар кардааст, мегиранд. Пас аз он ки иҷозатнома дода шуд, онҳо аз ҳуқуқҳои зиндагӣ ва кор дар кишвари қабулкунанда метавонанд истифода баранд.
Вақте, ки одамон бидуни иҷозат ва ё риоя накардани таҳримҳои (санкцияҳои) муаяни ҳукумати он кишвар, ба он ҷо муҳоҷират мекунанд, онҳо метавонанд аз ҳуқуқҳои худ маҳрум шаванд ва худро дар ҳолати ногувор қарор диҳанд. Ин гуна муҳоҷиронро аксар вақт бо сабабҳои сиёсӣ бо мафҳумҳои гуногун ишора мекунанд: муҳоҷирони ғайриқонунӣ ё муҳоҷирони ғайрирасмӣ.
"Ба Россия рафтани ман бо хоҳиши идомаи таҳсилам буд. Ман фикр мекардам, ки дар Россия ҳама чиз беҳтар аст, ҳам аз ҷиҳати шароити кор, истироҳат, захираҳо ва ғайра.
Илова бар ин, мо дар дохили кишвари худ барои дарёфти кор рақобати зиёд дорем, иқтисоди кишоварзӣ дорем ва дар аксари мавридҳо аз руи мафкура ва мавқеъи насли имрӯза роҳнамоӣ мекунем – қабули тарзи зиндагӣ дар Россия ба назарамоннишонаи муваффақият ва комёбиҳост"
Оё категорияҳо ва профилҳои гуногуни муҳоҷирон вуҷуд доранд, ки шумо бояд бо онҳо шинос бошед?
Муҳоҷирати берунӣ, муҳоҷирати бозгашт, муҳоҷирати мавсимӣ
Ҳамин тариқ, одамон бо сабабҳои зиёд ҳаракат мекунанд ва намудҳои муҳоҷирати одамон инҳоянд:
муҳоҷирати хориҷӣ: кўчидан ба кишвар ё қитъаи дигар;
муҳоҷирати бозгашт: баргаштан ба он ҷое, ки аз ҷой омада буд;
муҳоҷирати мавсимӣ: ҳаракат бо ҳар мавсим ё вобаста ба шароити меҳнат ё иќлим.
Аксар вақт маҷмӯи ин омилҳо одамонро барои тарк кардани макони доимии худ ва ҷустуҷӯӣ макони нав водор мекунанд.
Муҳоҷирати ихтиёрӣ ва маҷбурӣ
Ҷойивазкунии дохилӣ
(кучидани дохилии шахс аз ҷое ба ҷои дигар)
Шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон
Дар байни солҳои 1990 ва 2019 шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон тақрибан 119 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Ин афзоиш аз соли 2005 суръат гирифт. Дар ҳоле, ки шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ дар байни солҳои 1990 то 2005 тақрибан 39 миллион нафар, аз 153 миллион ба 192 миллион афзоиш ёфтааст, дар байни солҳои 2005 то 2019 тақрибан 80 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муҳоҷират (СММ, 2019) нишон медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумораи бештари муҳоҷирони байналмилалиро (51 миллион) мизбонӣ мекунад, ки тақрибан 19 фоизи шумораи умумии муҳоҷирони ҷаҳонро ташкил медиҳад. Олмон ва Арабистони Саудӣ аз рӯи шумораи муҳоҷирон (ҳар кадом 13 миллион) дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд. Дар байни солҳои 1990 ва 2019 шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ аз 8,1 миллион дар Арабистони Саудӣ ба 7,3 миллион дар Аморати Муттаҳидаи Араб афзоиш ёфтааст.
Тақрибан аз се як ҳиссаи муҳоҷирони байналмилалӣ, бештар ба даҳ кишвар таалуқ доранд. Муҳоҷират – кӣ, ба куҷо ва барои чӣ муҳоҷират мекунад – пайваста инкишоф меёбад. Намудҳои муосири муҳоҷират, метавонанд бисёр чизҳоро дар бораи заминаи васеътари ҷаҳонӣ, аз имкониятҳои иқтисодӣ то бӯҳронҳои башардӯстона инъикос кунад. Аммо ин раванд, инчунин метавонад тасаввуротро дар бораи оянда дар ҷаҳоне, ки бо роҳи муҳоҷирон шакл мегирад, тасвир кунад.
Шумораи шахсоне, ки аз Тоҷикистон ба хориҷа рафтаанд?
Тибқи маълумот оиди ба бақайдгирии вуруд ва баромади шаҳрвандон, аз сарҳади давлатӣ дар соли 2020, дар шароити пандемияи COVID-19 ва бастани сарҳадҳо, 129,807 муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз кишвар ба хориҷа рафтанд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба 401,076 нафар кам шудааст (4,1 маротиба камтар). Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 117,912 нафар ба Федератсияи Россия ва 4,574 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтанд.
Ҳамзамон, дар ин давра 217,999 муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 268,650 нафар (2,2 маротиба) камтар аст (тибқи омори ҶТ).
Яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба даст овардани имкониятҳои бештар барои муҳоҷирати расмӣ ё қонунӣ, ба мисли муҳоҷирати меҳнатӣ, барои ҳалли мушкилот бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад.
Кӣ муҳоҷират карда метавонад?
Барои чи одамон ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд?
Зиёда аз 270 миллион нафар одамон — такрибан як нафар аз ҳар 30 нафар одами руи замин — ҳоло дар мамлакате зиндаги мекунанд, ки онҳо дар он таваллуд нашудаанд. Бо дарназардошти он, ки айни ҳол шумораи одамоне дар муҳочират буда меафзояд, донистан муҳим аст, ки муҳоҷирро чӣ водор мекунад ин роҳро пеш гирад. Зеро ин омил эҳтимолияти муҳоҷир шудани ӯ, ва ҳамчун муҳоҷир монданро дар тӯли тамоми умри худ, зиёд мекунад.
"Мо бо роҳи табиӣ ҳомиладор шуда наметавонистем ва бо назардошти он, ки ҳадафҳои муаяни зиндагии худро доштем, мо аз вазъиятамон қаноатманд будем. Аммо хешу табор ва ҳамсояҳо бо ҳар сабаб ҳамсарамро пайваста таҳқир мекарданд. Интихоби мо ба онхо тамоман равшан набуд. Дар хориҷа одамон тарзи зиндагии моро зери шубҳа намегузоранд. Ин барои ҳардуи мо хело осонӣ ва оромиро овард".
Барои чи одамон ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд?
Сабабҳои зиёде ҳастанд, ки одамон мехоҳанд аз як ҷой ба ҷои дигар кӯчида раванд. Инҳо метавонанд сабабҳои иқтисодӣ (бекорӣ, норасоии қувваи корӣ, маоши кам), иҷтимоӣ (набудани хизматрасонии гуногун, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат) ва ё экологӣ бошанд. Ба муҳоҷират одатан омилҳои пешбаранда ва ҷалбкунанда таъсир мерасонанд. Омилҳои пешбаранда – сабабҳое мебошанд, ки боиси қабул кардани қарор оиди кӯчидан мегарданд (масалан, кор нест). Аз дигар тараф, омилҳои ҷалбкунанда интизориҳое мебошанд, ки одамонро ба ҷои нав ҷалб мекунанд (пешниҳоди кор, мавҷудияти хешовандони наздик, хоҳиши сафар кардан ва ғайра).
Қиссаи як муҳоҷир
"Аксари амакбачаҳои ҳамсарам низ дар хориҷа маскан гирифтаанд. Волидайнаш бавосита истинод карданд, ки ҳарду фарзандонашон (ҳамсари ман ва бародараш) дар Тоҷикистон монанд. Ин ҳамсарамро хеле ба ташвиш овард, зеро вай ҳис мекард, ки волидонашро рӯҳафтода кардааст"
Давраи муҳоҷират марҳилаҳои гуногуни ҷараёни муҳоҷиратро дар бар мегирад, аз он ҷумла ба сафар баромадан, дар баъзе ҳолатҳо гузашти транзитӣ аз ягон кишвар, муҳоҷират ба давлати таъинот ва бозгашт ба Тоҷикистон. Дар поён баъзе мушкилотҳое оварда шудаанд, ки дар марҳилаҳои гуногуни муҳоҷират ба вуҷуд омада метавонанд.
Views | |
---|---|
4484 | Total Views |
8 | Members Views |
4476 | Public Views |
Мубодилаи пайвандак
Мубодила ба тариқи почтаи электронӣ
Please login to share this webpage by email.